價格:免費
更新日期:2014-07-21
檔案大小:2.5M
目前版本:1.0
版本需求:Android 1.6 以上版本
官方網站:mailto:ikart16@gmail.com
Боигарии аслие, ки мо халқи тоҷик дорем, албатта, маданияту фарҳанги баланд, шоирону нависандагони нотакроранд, ки мислашонро олам надорад. Нафароне, ки бо дасту дили пок ба инсоният некиву накукориро панд додаанд, хислатҳои беҳтарини инсонӣ – дӯстиву рафоқат, ҳамдигарфаҳмиву муҳаббат, мунодии сулҳ буданро тавсия кардаанд ва пеш аз ҳама, новобаста аз мушкилиҳои зиндагӣ «инсон» - буданро афзал донистаанд, бузургони тоҷиканд. Бузургоне, ки дар тамоми олам дӯсташон медоранду онҳоро пайравӣ менамоянд. Худ тақозо кунед: Китобе, ки дар ҷаҳон ҳамарзиш надорад – «Шоҳнома» - и безаволи Фирдавсист, поягузори илми тиб, падари тамоми табибони дунё – Синост (Авиценна). Рубоигуйи бехтарин - Хайём аст, ки агарчи ашъорашро ба чандин забонҳои дунё баргардондаанд, бо вуҷуди ин ОЛИСТ. Дар зери даромадгоҳи бинои мӯҳташами Созмони Миллали Муттаҳид гуфтаҳои насиҳатгӯйи беҳамто Саъдӣ бо 7 забони маъмултарин навишта шудааст. Ҳамаи ин бузургон – тоҷиконанд. Онҳо ифтихори тамоми аслу нажоди моянд. Ҳастиву вуҷуди мо аз будани онҳост. Аз ин ҷо, бояд онҳоро чун падару модари худ дӯст дорем, онҳоро қадр намоем, зеро онҳо такрорнашавандаанд. Ё ба вожаи дигар «гений» - ҳои тоҷиканд, ки дигар намеоянд.
Бо мақсади огоҳӣ ёфтан аз маданияти фарҳанг ва асли худ ин барномаро омода намудем. Умедворем, рӯҳу ақлатонро ҳаловат бахшад!